Шанбегӣ бо иштироки устодону донишҷӯён

13 апрели соли равон дар асоси барқияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахти азизамон шаҳри Душанбе  дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯён  фаъолона иштирок намуда, бехи дарахтонро нарм карда, гирду атроф, саҳни ҳавлии бинои таълимии Донишкада, ҳамчунин, аз гардиши роҳи кӯчаи Саид Носир то охири бинои нави Донишкада (кӯчаи Л.Толстой) тозаву озода карда шуда, ҷойҳои обгузари сари роҳ аз партовҳо тоза карда шуданд.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди муассисаи таълимӣ минбаъд низ шанбегиҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

Аҳли коллективи меҳнатии Донишкада дастаҷамъона саъю кўшиш менамоянд, ки барои ободонию хуррамгардонии сарзамини Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *