Ҳамкориҳои байналмилалии Донишкада инкишоф меёбанд

Дар доираи ҳаштумин намоишгоҳ – ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия: Душанбе – 2019» вохӯрии Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ғафурзода Абдухалил  Давлаталӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор бо ҳайати таблиғотии Донишгоҳи Федералии Қазон, сардори Департаменти робитаҳои беруна – Галиакбарова Римма Рафаелевна ва дотсенти кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва молияи Донишгоҳи мазкур – Улгенов Руслан Анатолевич ва намояндаи ин Донишгоҳ Парвиз Ҳоҷиев баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар бобати ҳамкориҳои минбаъдаи судманд ва таҳсили донишҷӯён  дар  муассисаҳои олии касбии ҳарду кишвар ибрози андеша намуданд.

Таъкид гашт, ки рӯзҳои наздик Ёддошти тафоҳум байни  Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Федералии Қазони  Федератсияи Россия ба имзо хоҳад расид.

Ҳамчунин, намояндагони ин муассисаи таълимӣ бо  хатмкунандагони зинаи таҳсилоти бакалавриати Донишкада, ки хоҳиши идомаи таҳсил дар мактабҳои олии Россияро  доранд, вохӯрӣ намуда, дар бораи донишгоҳи  мазкур  маълумот доданд ва онҳоро бо касбу ихтисос ва шароити таҳсил дар зинаи магистратура шинос  намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *