Варзиш — солимии ҷомеа

Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2018 таҳти №05/2-1859 ва тибқи Нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони «Зебоӣ, тавоноӣ аз варзиш аст» дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён ва кормандону омӯзгорон баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ оғоз гардид. Мутасаддии гузаронидани машқҳои пагоҳирӯзӣ дар Донишкада кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва илмҳои табиатшиносӣ буда, бо мақсади дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани машқҳои мазкур бо омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ таъмин карда шудаанд. 17 марти соли 2018 дар саҳни ҳавлии Донишкада аз ҷониби омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонии кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва илмҳои табиатшиносӣ машқи пагоҳирӯзӣ гузаронида шуд, ки дар он 20 нафар устодон ва 200 нафар донишҷуён фаъолона ширкат намуданд. Дар асоси нақшаи мазкур чорабиниҳо дар ин самт минбаъд ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе роҳандозӣ карда мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *