Семинар-тренинг дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳамкориҳои байналмилалӣ рӯзҳои 8-10 апрели соли 2019 семинар-тренинг дар мавзӯи «Усулҳои инноватсионии рушди маҳорати идоракунии хизматчии давлатӣ» аз ҷониби мутахассисони Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия гузаронида шуд.

Чорабинии мазкурро Ректори Донишкада – Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор ифтитоҳ намуда, омӯзгорон: Александрова Олга Николаевна – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент ва Стартсева Светлана Геннадевна – номзади илмҳои сиёсӣ, директори Мактаби олии идоракунии давлатӣ (ВШГУ) Академия хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия (РАНХиГС)-ро ба ҳозирин муаррифӣ кард.

Ҳамзамон, мавсуф оид ба фаъолияти  таълимиву  тарбиявӣ, илмӣ ва равобити дуҷонибаи Донишкада бо ташкилотҳои ҷамъиятиву созмонҳои байналмилалӣ маълумоти муфассал дода, намояндагони Федератсияи Россияро ба ҳамкориҳои муштараки дуҷониба, ки минбаъд низ натиҷаҳои назаррас хоҳанд дод, даъват намуд.

Мавриди зикр аст, ки семинар-тренинги мазкур барои ҳайати роҳбарикунандаи хизматчиёни давлатии мақомоти марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда буд.

Мақсад аз гузаронидани семинар-тренинг баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорату малакаи касбии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи технологиҳои муосири идоракунии давлатӣ мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *