Маҳфили фарҳангӣ – маърифатии “Баҳори ҷавонӣ”

 Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва   соли нави аҷдодии мо буда, ниёкони некноми мо онро аз замонҳои хеле   қадим   таҷлил  мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва   бо    иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд.                                                                  

                                                                                                                                           Эмомалӣ РАҲМОН

          Бо ташаббуси созмони ҷавонони факултети муносибатҳои байналмилалӣ рӯзи 5.04.2019 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангӣ – маърифатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Ректори Донишкада, Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор ва дигар устодон, кормандон, донишҷӯён иштирок карданд.

Ректори Донишкада ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, изҳор дошт, ки бо ташаббуси  Асосгузори  суҳлу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҷашни Наврӯз дар мамлакати биҳиштосои мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шукӯҳу  шаҳомат ва мақому мартабаи воло пайдо кард.

Шарифзода Судоба Файзалӣ роҳбари Созмони ҷавонони факултет зикр кард, ки Наврӯз омили  дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани симои мамлакат ҳамчун кишвари дорои тамаддуни қадима ва захираҳои табиӣ мебошад. Мувофиқи арзёбии коршиносон, муаррифии Иди Наврӯз дар бозори  ҷаҳонии  сайёҳӣ чун мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик метавонад садҳо ҳазор сайёҳи  хориҷиро ба  кишварамон ҷалб созад.

Шуҳрат Маҳмадалиев, донишҷӯи курси чоруми факултет дар мавзӯи “Наврӯз ҷаҳонӣ шуд” баромад карда, иброз дошт, ки иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии СММ дар бораи  «Рӯзи байналмилалии  Наврӯз» эълон шудани 21 март Қатънома қабул кард ва бо ҳамин Наврӯзи тоҷикон ва қавмҳои ориёӣ  ҷаҳонӣ шуд.

Инчунин донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналмилалӣ – Сафармамадова С., Аюбӣ О., Шарипов Ҳ. ва Саъдуллоев Б. дар бораи имкониятҳои сайёҳии минтақаҳои кишвар бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва немисӣ баромад карда, маълумоти муфассал доданд.

Дар чорабинӣ аз номи раёсати Донишкада ва садорати факултет ба устодон ва донишҷӯёни факултет, аз ҷумла Файзов Н., муовини декан оид ба таълим, донишҷӯён – Олимов А., Бобоев Б., Гадоева Ф. барои  фаъолияти самаранок дар таҳсил ва корҳои ҷамъиятӣ бо ифтихорномаву сипоснома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Факултети муносибатҳои байналмилалӣ, ки бо ихтисоси дипломат мутахассис омода менамояд, бо ҷамъбасти ҳар нимсолаи таҳсил ба яке аз донишҷӯёни фаъол ва забондон унвони фахрии “Дипломати ҷавон”-ро сарфароз мегардонад, ки ин навбат донишҷӯи курси 4 Маҳмадалиев Шуҳрат ба ин унвон мушарраф гардид.

Ҷамъомади идонаро барномаи рангини ҳунарии овозхонони ансамбли “Сипар”-и Вазорати корҳои дохилӣ ва донишҷӯён бо қироати шеъру суруд дар васфи Ватан, ҷавонӣ, баҳор, Наврӯз, саҳначаҳои ҳаҷвӣ ҳусни идона бахшид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *