Омӯзиши тарзу усулҳои нави идоракунии давлатӣ

1 апрели соли 2019 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи барномаи «Менеҷменти нави давлатӣ ва сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид, ки дар он 50 нафар занони фаъоли вазорату идораҳо ширкат варзиданд.

Мақсад аз баргузории курси мазкур, ки тибқи нақша то 6 апрел идома хоҳад ёфт, мусоидат барои аз худ намудани дониш ва тарзу усулҳои нави идоракунии давлатӣ ва таъмини баробарии гендерӣ мебошад.

Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ дар расми ифтитоҳи он ҳозиринро ба курси такмили ихтисос хайрамақдам гуфта, баён дошт, ки мақони зан аз осори ниёгон сар карда, то Қуръони карим, мазҳаби таҳаммулгароёнаи ҳанафӣ, осори калассикону ашъори шоирони муосир, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таъкид ёфтааст. «Хушбахтона, сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ба баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа нигаронида шудааст ва тавре шоҳид ҳастем, мақоми занон ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад», – иброз дошт Ректори Донишкада.

Қумринисо Азизова, намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зарурати фаъолнокии занон дар хизмати давлатӣ сухан гуфта, иҷрои барномаҳои давлатӣ дар таъмини баробарии гендериро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ маънидод намуд.

Мавриди зикр аст, ки курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баргузор мегарданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *