Вохӯрии Ректори Донишкада бо магистрантон

29 марти соли 2019 вохӯрии Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо магистрантон доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур, ҳамчунин, Ҷумахон Файзализода, муовини Ректор оид ба таълим, Ҷамшед Ҷамшедов, муовини Ректор оид ба илм,  инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ, Зулфия Аҳмадзода, муовини Ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва Сомон Исматов, намояндаи Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ректори Донишкада вобаста ба мавзӯъҳои ҳисси баланди ватандӯстӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, қабул накардани ғояҳои бегона, баланд бардоштани ҳуввиятӣ миллӣ сухан гуфта, иброз дошт, ки магистратура зинаи дуюми таҳсилот буда, баъди хатми он ҳар яки шумо ҳамчун мутахассиси соҳаи худ ба мақомотҳои маҳаллӣ ва вазорату идораҳо ба кор ҷалб мегардед. Дар баробари ин, ҳар як магистрантро зарур аст, ки илмҳои муосирро аз бар намуда, дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол пайрави асили Пешвои миллат бошад.

Зикр гардид, ки магистрантон бояд дар идомаи таҳсил дар маҷаллаи илмӣ-сиёсии Донишкадаи идоракунии давлатӣ “Идоракунии давлатӣ” ва дигар нашриёти даврӣ мақолаҳои илмии худро ба нашр расонанд.

Дар фарҷом, вобаста ба корҳои хатми рисолаи магистрантон ва омодагии онҳо ба аттестатсияи хатм аз ҷониби роҳбарияти Донишкада дастурҳои ҷудогона дода шуд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *