Иштирок дар чорабиниҳои наврӯзӣ

Аз 11 феврал то 21 марти соли равон 250 нафар донишҷӯёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии муовини Ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва садорати факултетҳои идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар машқҳои омодагӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ муташаккилона иштирок намуданд.

Дар чорабинии фарҳангии театрикунонидашуда, бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки 22 марти соли 2019 дар Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳ баргузор гардид, 250 нафар донишҷӯдухтарон ва донишҷӯписарон ширкат варзиданд.

Бояд қайд намуд, ки бо фармоиши Ректори Донишкада аз 23 феврали соли 2019 шуъбаҳои банақшагирӣ ва муҳосибот ва хоҷагӣ дар давраи баргузории машқҳои омодагӣ иштирокчиёнро бо хӯрок ва оби ошомиданӣ таъмин намуданд.

Ҳамчунин дар асоси фармоиши мазкур донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои наврӯзӣ иштирок намуданд, ба андозаи як стипендияи муқаррарӣ маблағгузорӣ карда шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *