«Хизматчии давлатӣ хизматчии халқ аст»

Аз 11 то 16-уми марти соли 2019 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои мудирони бахшу шуъбаҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи «Сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он 67 нафар намояндагони шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.

Дар ифтитоҳи курс Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ҳозиринро ба курси такмили ихтисос хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки имрӯз барои боло бурдани сатҳи саводнокӣ ва кордонии хизматчиёни давлатӣ тамоми заминаҳо фароҳам оварда шудаанд.

«Худи курсҳои такмили ихтисос василаи хубе ҳастанд, ки хизматчиёни давлатӣ дониши худро такмил бахшида, аз фурсати табодули таҷриба истифода кунанд. Яке аз рукнҳои асосии иқтисоди миллӣ ин сиёсати сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мебошад. Самти рушди иҷтимоии давлати мо ин рушди самти сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад. Муаррифии давлат ба сатҳу сифати донишу малакаи хизматчии давлатӣ вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, умед дорем, ки дар баробари иштирок дар машғулиятҳо интизоми шунавандагони курс ҳам намунавӣ хоҳад буд», – иброз дошт Ректори Донишкада.

      Аюбӣ Бибиосия, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас намуд, ки мувофиқи қонунгузории самти хизмати давлатӣ ҳар як хизматчии давлатӣ бояд дар се сол як маротиба аз курси такмили ихтисос гузарад. Пешорӯи хизматчии давлатӣ вазифаҳои калон меистад. Пешвои муаззами миллат дар ҳар баромадашон саҳми хизматчиёни давлатиро дар татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ, қайд намуда, таъкид менамоянд: «Хизматчии давлатӣ бояд дар хизмати халқ бошад». Бинобар ин, хизматчиёни давлатӣ бояд ҳамеша дар пайи нав кардану такмил додани донишҳои худ бошанд.

Дар интиҳои курс ба ҳамаи шунавандагон (67 нафар) «Гувоҳнома» дода шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *