Таҷлили Наврӯз дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои писандидаи оламиён мебошад, ки бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст.

                                                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

 18 марти соли 2019 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2019 баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Ректори Донишкада, Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Донишкада, магистрантон, донишҷӯён ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Ректори Донишкада, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, иди Наврӯзро аз ҷумлаи оинҳои муқаддас ва бостонии ниёгонамон арзёбӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки фарорасии фасли зебои баҳор аз ибтидои Соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад ва умуман Наврӯз рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози зиндагӣ буда, ҳамчун пирӯзии нур бар зулмот, хайр бар шарр ва тантанаи некӣ бар бадӣ таҷлил мегардад.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Ҳакимзода Шарифҷон дар бораи аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид эълон шудани «Рӯзи Байналмиллалии Наврӯз» ёдрас шуда, онро барои ҳамаи мардуми Тоҷикистон, ки яке аз ташаббускорони асосии ба сатҳи ҷашни байналмиллӣ баровардани Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, боиси ифтихор номид.

Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич аҳли нишастро бо Наврӯзи Аҷам самимона табрик гуфта, бахту саодат, саломатӣ, хонаи обод, зиндагии осуда ва дар кору фаъолияти ҳар яки онҳо комёбиҳои тоза орзу намуд.

 

 

Сипас барномаҳои фарҳангӣ ва озмунҳои гуногун, аз ҷумла, гӯшаи наврӯзӣ: сухани табрикотии Бобои Деҳқон ва Арӯси наврӯзӣ, оростани дастархони идонаи ҳафт син, ҳафт шин, ҳафт мим ва бозии варзишӣ – гӯштини камарбандӣ, беҳтарин рақси миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ баргузор гардид.

 

 

Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ як қатор кормандони Донишкада барои дастоварҳои назаррас дар таълиму тарбия, саҳми арзанда ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, донишҷӯёни фаъоле, ки дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи ихтисосҳои гуногун сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, бо “Ифтихорнома”-ҳои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ таҷлили ҷашни Наврӯз бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарғибу ташвиқи расму оинҳои миллӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ, намоиши либосҳои миллӣ, дар замири ҷавонон бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷўёну магистрантони лаёқатманд вобаста ба рушди анъанаҳои миллӣ баргузор мегардад.

Наврӯзи хуҷастапай муборак бошад!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *