Конференсияи байналмилалӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Такмили низоми таҳсили хизматчиёни давлатӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид.

Дар конференсия олимону донишмандон ва коршиносон аз кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Туркия ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори конференсия инчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони муассисаҳои илмию таълимии кишвар иштирок намуданд.

Нахуст Ректори Донишкада, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ конференсияи илмиро ифтитоҳ бахшида, меҳмонону иштирокчиёни конференсияро хайрамақдам намуд.

Ҳадаф аз баргузории конференсияро Ректори Донишкада  дар тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ бо муассисаҳои илмию таълимии хориҷи кишвар, аз ҷумла академияҳои давлатҳои ИДМ дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, табодули таҷриба ва ба роҳ мондани усулҳои муосири таҳсилот донист.

Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия ба роҳбарияти Донишкада барои ташкил ва баргузори чунин конференсияи сатҳи байналмилалӣ изҳори сипос намуд ва нақши барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди хизмати давлатӣ ва таъмини фазои устувори иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муҳим арзёбӣ кард.

Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумахон Маҳмадалиевич иброз намуд, ки хизматчиёни давлатие, ки ба такмили ихтисос, азнавтайёркунӣ, бозомӯзӣ ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд, ҳамчун мутахассиси дорои ҷаҳонбинии муосир барои хизмати содиқона ба халқу Ватан ба мақомотҳои давлатии гуногуни кишвар сафарбар мегарданд.

Сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодуллозода Аҳлиддин гуфт, ки дар шароити имрӯза таҳқиқи илмии падидаҳои алоҳидаи хизмати давлатӣ, махсусан раванди таҳсили хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳими назариявӣ ва амалӣ дорад.

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ аз дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пайваста афзудани сафи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби ҷавонони болаёқат ёдовар шуд. Ҳамчунин, зикр кард, ки саҳми Донишкадаи идоракуии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омода намудани кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ назаррас аст.

Намояндаи Иститути идоракунии Шимолу Ғарбии Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Балашов Алексей аз таҷрибаву усулҳои инноватсионии таълими хизматчиёни давлатии Федератсияи Россия ёдрас шуда, рушди идоракунии давлатро ба ҳайати салоҳиятманд ва масъули мақомоти давлатӣ рабт дод. Зимнан бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои судманди Донишкадаи идоракунии давлатӣ бо Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия ёдовар шуд.

Дар раванди кори ҳамоиш дар самтҳои афзалиятноки таҳсилоти хизматчиёни давлатӣ дар мамлакатҳои ИДМ, технологияҳои муосири тайёркунии кадрҳои соҳибкасби соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, такмили иқтидори кадрии хизматчиёни давлатӣ дар мамлакатҳои пасошӯравӣ, муносибати инноватсионӣ дар тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва таҳсилоти касбии хизматчиёни давлатӣ дар мамлакатҳои ИДМ: мушкилот ва дурнамо муҳокимаҳои илмӣ сурат гирифтанд.

Дар қисмати дуюми конференсия аз ҷониби мутахассисони касбӣ ва устодони Донишка дар мавзӯъҳои “Марҳилаҳои ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: аз ислоҳот ба рушд”, “Амнияти иттилоотӣ” ва “Муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон” мастер-клас гузаронда шуд.

Маърӯзаҳои иштирокчиёни конференсия дар шакли китоби алоҳида нашр  гардида, ҳамчун дастури методӣ барои ҳайати устодону омӯзгорон, хизматчиёни давлатӣ ва доираи васеи хонандагон дастрас  гардид.  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *