Дастовардҳои донишҷӯёни Донишкада дар Ҷоми АИ

Дастовардҳои донишҷӯёни Донишкада дар Ҷоми Академияи илмҳо

Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14-15 марти соли 2019 даври ниҳоии Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Олимпиадаи мазкур тибқи талаботи «Низомномаи олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи 13 соҳаи илм (математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ) баргузор гардид ва дар он донишҷӯёни зинаи бакалавриати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиада 7 нафар донишҷӯ иштироки фаъолона намуда, 5 нафари онҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Донишҷӯи курси дуюми факултети идоракунии давлатӣ Саидмуртазои Саидмутаҳҳар аз фанни «Технологияи иттилоотӣ» сазовори ҷойи якум гардида, «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро соҳиб шуд. Ҳамчунин, Мӯминов Мустақим, донишҷӯи курси чоруми факултети идоракунии давлатӣ аз фанни «Сиёсатшиносӣ», Алишери Ҳабибулло, донишҷӯи курси якуми факултети муносибатҳои байналмилалӣ аз фанни «Таърих» ва Наимов Саидиброҳим, донишҷӯи курси дуюми факултети муносибатҳои байналмилалӣ аз фанни «Ҳуқуқ» сазовори ҷойи сеюм шуда, бо дипломҳои дараҷи 3-юм қадрдонӣ шуданд.
Ҳамзамон Динора Ҷабборова, донишҷӯи курси якуми факултети идоракунии давлатӣ аз фанни «Забон ва адабиёти тоҷик» сазовори ҷойи ифтихорӣ шуда, бо «Ифтихорнома»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.
Дар фарҷом, аз ҷониби роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони Олимпиада барои дохил шудан ба зинаи магистратура ва докторантура (PhD) имтиёзҳо дода шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *