Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Такмили низоми таҳсилоти хизматчиёни давлатӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва кишварҳои ИДМ”

 Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15  марти  соли 2019 Конференсияи  илмӣ-амалии байналмилалиро  дар мавзӯи  “Такмили низоми таҳсилоти хизматчиёни давлатӣ:  таҷрибаи  байналмилалӣ  ва кишварҳои   Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил доир менамояд.

Ба конференсияи мазкур олимон, мутахассисон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ,  институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ,  муассисаҳои  олии ҷумҳурӣ ва ҳамкорони хориҷӣ  даъват карда мешаванд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор мегиранд:

  1. Самтҳои афзалиятноки таҳсилоти хизматчиёни давлатӣ дар мамлакатҳои ИДМ;
  2. Технологияҳои муосири тайёркунии кадрҳои соҳибкасби соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ;
  3. Такмили иқтидори кадрии хизматчиёни давлатӣ дар мамлакатҳои пасошӯравӣ;
  4. Муносибати инноватсионӣ дар тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ;
  5. Таҳсилоти касбии хизматчиёни давлатӣ  дар мамлакатҳои ИДМ: мушкилот ва дурнамо.  

Олимон, муҳаққиқон ва  хоҳишмандоне,  ки  дар  кори  конференсия хоҳиши ширкат варзидан  доранд,  метавонанд то  11  марти   соли 2019 мақолаҳои  худро  дар  ҳаҷми   на камтар  аз  5 саҳифа  ба  суроғаи электронии ilminnovatsiya.did@hotmail.com  ирсол  ва  ё  нусхаи  чопии  онро  ба суроғаи 734003, ш. Душанбе, кўчаи Саид Носир 33, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ (ошёнаи 1-ум) манзур намоянд.

Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

 ТАЛАБОТ НИСБАТ БА МАЪРЎЗАҲО:

Ҳошия аз боло ва поёни саҳифа 25 мм, аз чап 30 мм, аз рост 15 мм бошад. Матни маърӯза бояд бо таҳриргари матнии MS Word for Windows (гарнитураи Times New Roman ё Times New Roman Tj, шрифти 14) бо фосилаи 1,5 чоп карда шуда, ба таври зайл пешниҳод гардад: дар байни саҳифа ному насаби муаллиф/муаллифон, дараҷаву унвони илмӣ, вазифа, ҷои кор навишта шавад; номи мавзӯъ дар  мобайни саҳифа бо ҳарфҳои калон (бо ҳарфҳои ғафс, шрифти 14 пт) навишташуда, матни пурраи маърӯза ва рӯйхати адабиётҳо; иқтибосҳо дар қавсҳои квадратӣ бо нишондоди рақами тартибии адабиёт ва саҳифа (масалан, 23, с. 120) оварда шаванд; расмҳо, тасвирҳо, диаграммаҳо ва схемаҳо бо формати «bmp», «jpg», «dwg», «gif» иҷро карда шуда, ҳатман ба онҳо рақам ва ном гузошта шуда, бояд гурӯҳбандӣ карда шаванд; саҳифаҳо рақамгузорӣ карда нашаванд.

Масъулияти мазмуни мақола, мавҷудияти хатогиҳои имлоӣ, техникӣ, мазмунӣ ва дигар намуди хатогиҳо ба дӯши муаллиф вогузор карда мешавад.

Матни маърӯзаи иштирокчиёни конференсия, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 11 марти  соли 2019 пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ нашр карда мешавад.

Суроғаи мо: 734003, ш. Душанбе, кўчаи Саид Носир, 33, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Телефонҳо барои тамос: (992 37) 224-17-86, 228-91-92, +992988505151

                                                                     Кумитаи тадорукот

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *