Натиҷагирӣ аз озмуни қироати шеър

Натиҷагирӣ аз озмуни қироати шеър

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар миёни донишҷӯёну магистрантон озмуни қироати шеър баргузор гардид.

Зайниддин Мухторов, директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ чорабиниро ифтитоҳ намудаиброз доштки ҳадаф азбаргузории озмун тарғиби донишандӯзӣ дар бахши фанҳои гуманитарӣсайқал додани донишҳои филологӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёну магистрантон мебошад.

Дар озмун зиёда аз 20 нафар донишҷӯёну магистрантон дар васфи Модар-Ватан аз шоирони классику муосири тоҷик шеърҳо қироат намудаандки дар натича ҳайати ҳакамон ба онҳо баҳои сазовор доданд.

Дар ҷамбасти озмун аз ҷониби хакамон муайян шуд, ки Дилнора Ҷабборова, донишҷӯи курси якуми факултети идоракунии давлатӣ сазовори ҷои аввал, Мадина Бекназарова, магистранти хизматчиёни давлатӣ ҷои дуюм, Зеварой Раҳмонализода ва Шаҳзода Улмасова, донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналмилалӣ ҷои сеюм гардиданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *