Вохӯрии Роҳбари Бунёди “Ҳанс Зайдел” бо Ректори ДИДНПҶТ

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Ректори Донишкада, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор Абдухалил Ғафурзода бо доктор Макс Георг Майер доир гардид.

Зимни боздид аз синфхонаҳо ва толорҳои Донишкада Роҳбари Бунёди “Ҳанс Зайдел” ба фаъолияти устодон ва сифати таълим баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки ҳамкориҳо дар ин соҳа ҷоннок мешаванд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо мавриди идомаи Лоиҳаи дастгирии занони дар хизмати давлатӣ фаъолияткунанда ибрози андеша намуда, таъкид доштанд, ки занҳое, ки дар мақомотҳои маҳаллӣ фаъолият доранд, бештар ба курсҳо ҷалб  карда шаванд.

Ҳамчунин зимни мулоқот масъалаи автоматикунонии синфонаҳои дарсӣ ва сифати таълим дар Донишкада баррасӣ гардид.

Доктор Макс Георг иброз дошт, ки барои гузарондани семинарҳои илмӣ-оммавӣ ва тренингҳо дар Донишкада аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, роҷеъ ба тавсеаи пешниҳоди имтиёзҳо ҷиҳати ба нашр расондани адабиётҳои  таълимӣ аз ҷониби устодони Донишкада табодули афкор намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *