Низорамоҳ Зарифова бонуе, ки шахсияти ҷаҳонӣ шуд

Дар солҳои чилуму панҷоҳуми асри ХХ, замоне ки занҳо ба озодиву истиқлол ноил шуда буданду аз маҳви бесаводӣ ба сӯи илму дониш мешитофтанд, Мамлакат Наҳангова, Бӯринисо Бердиева ва Низорамоҳ Зарифова, Мастура Ашўрова  барин занҳои қавиирода дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ кор карда, қишри муҳими пешбарандаи ҷомеа будани бонувонро собит намуданд.

Низорамоҳ Зарифова чун сиёсатмадор, ходими давлатӣ, Арбоби шоистаи фарҳанг имрӯз ҳам аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст. Эътирофаш мекунанду эҳтиромаш мегузоранд. Ӯ донишу таҷриба ва умри гаронмояашро сарфи хидмати ин миллат ва ободониву пешрафти кишвар намуд. Оре, содиқона ва ошиқона. Ҷасорат ва маҳорати кордонияш имрӯз низ бо як муҳаббату самимият ёд мешавад. Муносибату муошираташро барои бисёр занону роҳравони роҳи мушкилу дарози сиёсат дарси ибрат донистанду арзандаи пайравӣ.

Бавижа, дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Низорамоҳро мебоис ҳамчун котиби Созмони ҷавонони шаҳри Кӯлоб мушкилоти ҷавонони ин минтақаро ҳал намояд, ба фронт ёрӣ расонад, на танҳо ҷавонписаронро, балки духтарони болаёқату шуҷоъро ҷисману рӯҳан ба ҷанги зидди фашизм омода кунад, ҷавонони шаҳрро ҳар лаҳза аз вазъи майдонҳои муҳориба огоҳ созад ва дар баробари ин садҳо супоришҳои дигари давлативу ҷамъиятиро ба сомон расонад.

Ҳаминтавр, Низорамоҳ Зарифова ба вазифаҳои пурмасъулияттар таъйин мешуд.  Дар тарҷумаи ҳоли ӯ омадааст: «Мудири шуъбаи кумитаи комсомол ва мудири шуъбаи кадрҳои шаҳри  Кӯлоб (1941 – 1945), мудири шуъбаи мактабҳои кумитаи комсомоли вилояти Кӯлоб (1945 – 1947), мудири шуъбаи занони кумитаи ҳизбии вилояти Кӯлоб (1947 – 1952) буд».

Нафаре буд, ки  ба дарди дили модарони фарзандгумкардаву ҳалокгардида, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ даво мебахшид. Ва ҳам ба меҳнати вазнин ба хотири ғалаба бар фашизм, пойдории  сулҳу амният ҳидоят менамуд.  Аз  занон ба камтар кассе дар он рӯзгор, яъне солҳои 50-уми асри гузашта, муваффақ мешуд, ки дар мактаби олии ҳизбии назди Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил ва онро хатм намояд.
Низорамоҳ Зарифова фаъолияташро пас аз хатми ин мактаб дар солҳои гуногун ба ҳайси мудири шуъбаи занони Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, муовини раиси раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон идома додааст. Узви Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, узви пленум ва раёсати Кумитаи занони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ, узви Шӯрои Федератсияи байналмилалии занон, раиси Шӯрои занони Тоҷикистон ва раиси Шӯрои ҷумҳуриявии донишгоҳҳои мардумӣ,  вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии ИҶШС  (даъватҳои 5 ва 6 –ум) ва Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъватҳои 4,6, 8, 9) буд. Хидматҳояш, аз ҷумла бо ду ордени Ленин, се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони фахрӣ», се медал ва ифтихорномаҳои раёсатҳои Шӯрои Олии ИҶШС ва Тоҷикистон қадр гардидаанд.
Ӯ ҳамчунин, ба  суҳбати сарвари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ Сталин  мушарраф шудааст.

Низорамоҳ Зарифова, даврони сарварии Бобоҷон  Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Қаҳҳор Маҳкамов фаъолият намудаву аз дастур, раҳнамоӣ ва мактаби роҳбарии онҳо баҳраҳо бурдааст. Бино ба гуфтаи қаҳрамони мо, яке аз воқеаҳои таърихии рӯзгори ӯ иштирокаш дар Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Москва  буд.

Ин зани дурандеш қаблан аз минбарҳои баланд сухан гуфта бошад ҳам, ин бор суханронии ӯ тамоман рангӯ бӯи дигар дошт. Зеро Низорамоҳ бояд  масъалаи  бунёди Неругоҳи барқи обии Норакро ба миён гузошта, назди намояндагони кишварҳои дигари шӯравӣ манфиатбахш ва зарур будани ин сохтмони бузургро собит месохт.

Он суханрониро Низорамоҳ чунин баёд овард: «Бо тамоми кӯшишу ғайрат ҳаяҷони ботиниву зоҳирии худро пахш карда, бо лаҳни каме сактадори русӣ ҳарф мезадам ва вобаста ба тобиши маъноии ҷумлаҳо баъзе аз онҳоро боқатъият ва хитоб доругиро мегуфтам, то бовару эътимоди ҳозиронро ба даст оварда бошам. Чун суханам поён ёфт, шурӯъ аз раиси вақти Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ А. Н. Косигин то вакилони халқ ҳамагӣ кафкӯбӣ карда, ҳамовозии худро барои сохтмони НБО  «Норак» баён доштанд».  Солҳои дароз дар корҳои роҳбарӣ будани Низорамоҳ як тараф буду раиси Шӯрои занони ҷумҳурии тоза истиқлоли Тоҷикистон буданаш як тараф. Ӯ солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз худ қаҳрамони нишон дода, дар пойдории сулҳу амният ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ ҷаҳду талош кард. Аз ҷумла, ба шаҳри Хоруғ парвоз карда, аз он ҷо то ба бунгоҳи Дарвоз омад ва аз дасти силоҳбадастон мошинҳои пур бори ёрии башардӯстонаро раҳо карда, ба Душанбе овард. Ин мардонагии Низорамоҳ Зарифова ҳанӯз вирди забонҳост.

Низорамоњ бори дигар неъмати бузург будани ваҳдат ва оромиву осоиши кишварро талқин намуд ва афзуд, ки сулҳу амният ва истиқлолият ба осонӣ даст наомадааст. Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ низ ҳастии худро сипар карда, занони асирро озод намуд, барои ҳуқуқу бедорияшон ва хомӯш намудани оташи фитнаҳои ҷангӣ талош варзид. Ӯ бо истифода аз ҳар лаҳзаи мувофиқ дар тарбияи ҷавонон, насли ояндасози кишвар бо ҳиссу шинохти масъулият, бо суҳбатҳову дастуру раҳнамоиҳояш саҳм мегузорад. Дар он маврид мушкилписанд асту хастанопазир. Миллату давлат ва ҳар шаҳрванд ба поси хидматҳои беназираш бо ӯ ифтихор мекунанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *