Модарам дигар нест …

Модарам дигар нест …

     «Ҳамеша орзу мекунам, ки оила дошта бошаму мисли дигар кӯдакон дар оилаи солим камол ёбам. Аммо дунё бевафо будааст. Хеле хурд будам, ки аз падару модар маҳрум гаштам. Имрӯз дар зиндагӣ танҳо мондааму умед ба Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар дорам». Ин сатрҳоро Билолҷони 16-сола, нафаре, ки ҳанӯз ба навозишу силаи гарми дастони падару модар муҳтоҷ аст, бо алам қисса мекунад. Ӯ аз синни шашсолагӣ аз меҳру муҳаббати волидон бенасиб мемонад.

Ман шаш солаю семоҳа будам, ки модарам аз дунё гузаштанд. Симояшон аҳён – аҳён дар ёдам мондааст. Гоҳо хобашон мебинам. Рўю мўяшон ниҳоят зебо, чеҳраашон пуртабассум ва нигоҳашон он қадар меҳрбор ва дилсўзона сўям менигарист.

Дар он хобам мехостам, ки биёяду маро ба оғўш гирад ва аз сару рўям бўсад, лекин бо чанд дақиқа нигоҳи пурмеҳр оҳиста – оҳиста аз назарам  нопадид мешуд.

Ростӣ, падарамро надидаам. Боре бибиам гуфтанд, ки падарат  баъди таваллуд шудани ту ба кишвари Руссия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафту бо  ҳамин беному нишон шуд.

Соли 2007 ману бобои пират маслиҳат кардем, ки туро ба хонаи бачагон диҳем, то ин ки хуб тарбия ёфта, аз мактаб баҳра бигирӣ. Ин корро ба хотири ояндаи ту карданӣ шудем. Ҳамин тариқ бо директори мактаби деҳа, ки марди ҳалиму меҳрубон буд, маслиҳат кардем. Бо кўмаки он кас туро ба беҳтарин хонаи бачагони шаҳри Душанбе бурдем, ки таъсисдиҳанда ва сарпарасташ худи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.

Ин нақли мухтасари бибиам буд, ки то ба хонаи бачаҳо рафтани ман аз забони ў шунида будам. Ҳоло дар синфи 10 мехонам. Тамоми ҳастиамро ба хондан бахшидам. Устодонам хеле сахтгиранд. Воқеан онҳо беҳтарин муаллиму мураббияанд. Бо забони русӣ  ва англисӣ озод фикрҳоямро навишта, хонда ва гуфта метавонам.

Дар ҷашну маросимҳо сарпарасти азизамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳоламон хабар мегиранд. Бо мо чун падари ғамхору мушфиқ ҳамсуҳбат мешаванд. Насиҳат мекунанд, ки ҳар як дақиқаро баҳри хондан сарф кунем. Ояндаи Тоҷикистон аз шумоён вобаста аст. Барои ин кишвар фарзанди сазовор ба  воя расед.

Ногуфта намонад, ки мо аз ҳеҷ чиз камӣ надорем, ҳатто ҳар боре, ки падарамон, яъне Пешвои миллат ташриф меоранд, бо дасти пур, бо хӯрданиҳои беҳтарин, бо либосҳои мавсимӣ бароямон савғо меоранд. Мо ин ҷо воқеан ҳам соҳиби ҳақиқӣ дорем ва бо сари баланд мегўем, ки мо хушбахтем.

Боре муаллимаи забони модариамон ба синф даромада, баъди салом ба ҳар  якеамон як дафтарӣ дода гуфтанд, ки ҳоло дар мавзўи «Модари ман» иншо менависем. Кани бинем, ки дар  бораи сифатҳои модараш кӣ чӣ навишта метавонад? Воқеан, шахсан ман интизор будам, ки кай бо супориши  муаллима дар ин мавзўъ иншо менависем. Акнун он лаҳзаи муносиб фаро расид. Ҳарчанд ки симои модари азизам, меҳрубонию дилсўзиҳояш, рафтору гуфтораш дар хаёлам кам монда бошад ҳам, ба тамом хоҳиш доштам, ки дар бораи модарҷонам нависам ва бо ҳамин навиштаҳоям дарди дили бемодариро андаке ҳам бошад, аз дилам берун кунаму хизмати фарзандиамро барояш ба ҷо оварда бошам.

Инак он сатрҳо ва ёднома дар бораи модарам.

Модари ман

Модарҷон, ҳоло дар синфи даҳ мехонаму ба синни шонздаҳсолагӣ расидаам. Ҳазорҳо афсўс, ки бачагӣ ва бавоярасии ман бе Шумо ва бе падарам гузашт. Маро барвақт ятим кардед. Ман бо ҳама чиз таъминам танҳо меҳри туро надораму халос. Сад шукр, ки таҳти ғамхориҳои падаронаи Президенти  мамлакат то ҳол аз забони касе калимаи «ятим»-ро нашунидаам. Ману дигар ҳамсабақонам, гумон мекунем, аз дигар падару модардорон беҳтар таълиму тарбия гирифта, таҳти ғамхории давлату Ҳукумати кишвар қарор дорем. ғамхориҳои Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намегўед?. Воқеан ҳам бачаҳо он касро ҳамчун падарбузурги хеш медонанд.

Очаҷон мегӯянд дастони модар сеҳр дорад. Хӯрокаш бениҳоят болаззат аст. Модар буйи биҳишту меҳру муҳаббати зиёд дорад. Рӯзе аз як дӯстам, ки дар ҳамсоягии хонаи бачагон зиндагӣ мекард хоҳиш кардам, ки аз хӯроки модараш камтарак биёрад. Хӯрдам ниҳоят болаззат будааст. Медони очаҷон дар рӯзи зодрузам аз дӯстам хоҳиш кардам илтимос як бор модарашро оғӯш кунам. Мегӯянд аз модар буи биҳиш меояд. Ва ҳаминтавр ҳам шуд модараашро оғӯш кардам ҳамоно аз чашмони он модар ашк беист ҷори мешуд. Модарҷон бояд ба ту гӯям, ки ҳар зане ба хонаи хоби мо ворид мешавад гумон мекунам, ки ин туи давон – давон ба наздаш меравам дастонамро пеши бар гирифта барояш салом медиҳам у саломамро ҷавоб медиҳаду ба кори худ машғул мешавад. Аз ин лиҳоз, очаҷон, ҳарчанд ки Шумою падарам бо ман нестед, мехоҳам бигўям, ки руҳатон осудаю шод бошад, зеро муаллимону мураббияҳои азизи мо, падарбузургамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи Шумоён вазифаи падарию модарии моро ба ҷо оварда истодаанд.

Очаҷон, як сол баъд даргоҳи муқаддас – мактабро хатм мекунам. Ба Шумои азиз – очаҷон ваъда медиҳам, ки мактабро бо баҳои аъло хатм кунам. Очаҷон, як орзу дорам, ки ба Донишгоҳи тибӣ дохил шаваму баъди хатми он ба миллати азизам хизмат кунам. қавлам қатъист, умедворам, ки ба орзуям мерасам ва хотираи неки Шуморо аз худам розӣ мекунам.  Барои ин очаҷон, аз руҳи Шумо мадад металабам. Дигар охирин хоҳишу таманниёти ман ҳамин, ки ҳамеша хонаи охирататон ободу пурнур бошад.

Раҳматулло КАРИМОВ, рӯзноманигор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *