Идомаи шанбегӣ дар Донишкада

Дар асоси мактуби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар   ноҳияи   Исмоили   Сомонӣ   таҳти  №1/22-100  аз  20  феврали соли 2019 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли равон шанбегӣ баргузор карда шуд.

Дар ин шанбегии умумишаҳрӣ, бахшида ба Рӯзи байналмилалии  Наврӯз  75 нафар донишҷӯён ва 25 нафар кормандону омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, гирду атроф, саҳни ҳавлии бинои таълимии Донишкада, ҳамчунин аз гардиши роҳи кӯчаи Саид Носир то охири бинои нави Донишкада (кӯчаи Л.Толстой) тозаву озода карда шуда, ҷойҳои обгузари сари роҳ аз партовҳо тоза карда шуданд.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода гардонидани ҳудуди муассисаи таълимӣ минбаъд низ шанбегиҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *