Таҷлили Наврӯз-2018

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои писандидаи оламиён мебошад, ки бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфташудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

20 марти соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2018 баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарони Донишкадаи идоракунии давлатӣ ва Агентии хизмати давлатӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Донишкада ва Агентӣ, магистрантон, донишҷӯён ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Ректори Донишкада Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ аҳли нишастро хайрамақдам намуда, иди Наврӯзро аз ҷумлаи оинҳои муқаддас ва бостонии ниёгонамон арзёбӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки фарорасии фасли зебои баҳор аз ибтидои Соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад ва умуман Наврӯз рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози зиндагӣ буда, ҳамчун пирӯзии нур бар зулмот, хайр бар шарр ва тантанаи некӣ таҷлил мегардад.

Ҳамзамон Ректори Донишкада дар бораи аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид эълон намудани «Рӯзи Байналмиллалии Наврӯз» ёдрас шуда, онро барои ҳамаи мардуми Тоҷикистон, ки яке аз ташаббускорони асосии ба сатҳи ҷашни байналмиллӣ баровардани Наврӯз Пешвои миллат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, боиси ифтихор номид.

Дар фарҷоми суханронии худ Ректори Донишкада бори дигар аҳли нишастро бо Наврӯзи Аҷам самимона табрик гуфта, бахту саодат, саломатӣ, хонаи обод, зиндагии осуда ва дар кору фаъолияти онҳо комёбиҳои тоза орзу намуд.

Сипас барномаҳои фарҳангӣ ва озмунҳои гуногун, аз ҷумла, гӯшаи наврӯзӣ: сухани табрикотии Бобои Деҳқон ва Арӯси наврӯзӣ, оростани дастархони идонаи ҳафтсин, ҳафтшин ва ҳафтмим, бозиҳои варзишӣ: вазнкашӣ, вазнбардорӣ, гӯштини камарбандӣ, беҳтарин рақси миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ таҷлили ҷашни Наврӯз бо мақсадидар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарғибу ташвиқи расму оинҳои миллӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ, намоиши либосҳои миллӣ, дар замири ҷавонон бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёну магистрантони лаёқатманд вобаста ба рушди анъанаҳои миллӣ баргузор мегардад.

Наврӯзи хуҷастапай муборак бошад!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *