Таҷлили Наврӯз-2018

Ҳамасола дар кишвари мо, ки воқеан сарзамини наврӯзист, баргузории ҷашни Наврӯзи Аҷам ва эҳёи суннатҳои он ба худ ҳусну таровати тоза гирифта, ҳамагон онро бо як неру ва шаҳомати хоса истиқбол мегиранд.

Вобаста ба ин, тибқи дархости Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 100 нафар донишҷӯдухтарони Донишкадаи идоракунии давлатӣ дар машқҳои омодагӣ аз 1 то 25 марти соли ҷорӣ равона гардида буданд, ки аз ҷониби масъулин назорати доимӣ бурда мешуд.

Бо дастури расмии ректори Донишкада ин шумораи донишҷӯдухтарон аз суратҳисоби махсусиДонишкада як маротиба бо стипендияи муқаррарӣ ва дар вақти баргузории машқҳо бо хӯрок ва оби ошомиданӣ таъмин карда шуданд.

25 марти соли равон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ донишҷӯдухтарони Донишкада дар барномаи театрикунонидашуда, ки дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» дар сатҳи баланд баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *