РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ДАР ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рўзи байналмилалии забони модарӣ мизи мудаввар доир гардид, ки дар он ҳайати устодон ва  донишҷўёну магистрантҳо иштирок карданд.

Чорабинии мазкурро муовини ректори Донишкада Аҳмадзода З.К. ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро ба ин ифтихор шодбош гуфт.

Сипас, Бобозода Ф.Т., декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ, Ализода Б.П., сарходими илмии Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва идораи давлатӣ, Шарипов Ш.Р., мудири кафедраи забонҳо, Шукурова Т.Ф., дотсенти кафедраи забонҳои Донишкада роҷеъ ба  масоили марбути Рўзи байналмилалии забони модарӣ сухан гуфтанд.

Донишҷўён ва магистрантҳо доир ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, немисӣ, туркӣ, яғнобӣ ва помирӣ (ҳамчун шохаҳои забони тоҷикӣ) маърўза карда, шеърҳо қироат намуданд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *