Вохури

Яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.

Барои ба ҳадафҳоисиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.

Аз ин рӯ, барои донистани роҳҳои пешгирӣ ва таъмин намудани амнияти шахсӣбо дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба мактуби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 апрели соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мизи мудаввар дар мавзӯи муқовимат бо терроризм ва экстремизм, ҳатмӣ будани ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳои террористӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Сардори кафедраи назорати идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Сафаров Ҳ.С. иштирок ва суханронӣ намуд.

Зикр гардид, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, киҷомеаиҷаҳонӣваҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣмебошад. Терроризм ва ифротгароӣяке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣдар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣва динӣмебошад.

Сафаров Ҳ. инчунин илова намуд, ки қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгаро ва гурӯҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *