“Санъати дипломатӣ”

Чунин ном дошт нишасти маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсӣ – “Набзи сайёра”, ки аз рўи китоби Франк Науманн имрӯз (14 феврали соли 2019) дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси донишҷўёни факултети муносибатҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсӣ, дотсент Комилбеков А.Ё., ҳамзамон омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сухани ифтитоҳиро роҳбари маҳфил аз ҷониби донишҷӯён – Қадамов Собир оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо барномаи кории маҳфил шинос намуд. Тибқи нақшаи кории маҳфил донишxў Шарипов Ҳофиз дар мавзӯи Санъати дипломатия”-и китоби Франк Науманн маърӯза намуд ва ба донишҷӯён аз 20 қонуни ғолиби нармтабиати китоби мазкур муҳимтарин масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.

Шарипов Ҳ. аз ҷумла иброз намуд, ки  вақте  садои тиру туфанг фазои ҷомеаро фаро мегирад, фурсати дипломатияи беяроқсоз фаро мерасад, яъне дипломатия ягона воситаи ҳалли масъалаҳо бо роҳи сулҳомез мебошад.

Фазои маҳфил дар доираи матраҳнамоӣ ҷолиби диққат ва озод гузашт, зеро донишҷуён тавонистанд фикру мулоҳизаи худро  озодона доир ба ҳамин мавзӯъ баён намоянд.

Кори маҳфилро роҳбари маҳфил аз ҳисоби устодон, ассистенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсӣ Шеров Шодӣ ҷамъбаст намуда, аз   иштироки фаъоли устодону донишҷӯён  дар кори маҳфил изҳори сипос намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *