Нишасти матбуотии Донишкада

Нишасти матбуотии ДИД11 феврали соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Ректори Донишкада Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ва аъзоёни раёсат иштирок намуданд.

Дар оғоз Ғафурзода А.Д. меҳмононро хайрамақдам гуфта, иштирокчиёни нишасти матбуотиро ба намояндагони ВАО муаррифӣ намуд ва сипас дар бораи муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, оид ба ҷамъбасти фаъолияти Донишкада дар соли 2018 маълумоти мухтасар дод.

Зимни нишаст зикр гардид, ки дар Донишкада бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва методӣ бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб, баланд бардоштани савияи илму дониши устодону донишҷӯён, омӯхтани таҷрибаи пешқадам барои баланд бардоштани сифати таълим тавассути технологияи ҳозиразамон, ташкил ва фиристодани устодон ба хориҷи кишвар ҷиҳати ширкат дар семинару ҷаласаҳо, конференсияҳои илмию байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи якдигар ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин дар рафти нишасти матбуотӣ Ректори Донишкада ҳозиринро бо дастовардҳои соли 2018, дар хусуси интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, оиди ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани занон ва дар бораи корҳои анҷомдодашуда вобаста ба ободу зебо гардонидани бинои таълимӣ ва атрофи он шинос намуд.

Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ аз ҷониби Ректори Донишкада ба ҳамаи саволҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *