Варзиш – солимии ҷомеа

Дар асоси мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №6/1-16 аз 11 январи соли 2019 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони  «Зебоӣ, тавоноӣ аз варзиш аст» дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба                Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо донишҷӯён ва кормандону омӯзгорон машқҳои пагоҳирӯзӣ идома доранд.

Мутасаддии гузаронидани машқҳои пагоҳирӯзӣ шуъбаи тарбияи Донишкада буда, барои дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани машқҳои xисмонӣ кормандони шуъба сафарбар карда шудаанд.

08 феврали соли 2019 дар саҳни ҳавлии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони шуъбаи тарбия машқи пагоҳирӯзӣ дар сатҳи зарурӣ гузаронида шуд, ки дар он 20 нафар устодон ва 42 нафар донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд.

Дар асоси нақшаи мазкур чорабиниҳо дар ин самт минбаъд низ роҳандозӣ карда мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *