Донишкада - ғолиби озмун

8 феврали соли 2019 намояндагони Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни ноҳиявии «Дастархонороӣ», ки бо ибтикори Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда буд, иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардид  ва  ба даври навбатии озмун роҳ ёфт.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур ҷиҳати иҷрои банди 20-и ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст, баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки мақсад аз баргузории озмун эҳё ва тарғиби таомҳои миллӣ, ҳамагонӣ намудани он ва баланд бардоштани маданияти дастархонороии тоҷикон мебошад. Чунин озмунҳо имконият фароҳам меоранд, ки тавассути ҳавасмандкунии шаҳрвандон таомҳои миллӣ дар маҳалҳо эҳё гардида, бо истифодаи сарфакориҳои моҳирона(ҳунармандона) сифати оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо беҳтар гардад.

Дар фарҷоми озмун ба Донишкада барои ишғоли ҷои якум Дипломи Раиси ноҳияи и.Сомонӣ, ба муовини Ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аҳмадзода З.К. ва мутахасссиси шуъбаи тарбия оид ба кор бо занону духтарон Носирова Ф. Сипоснома  супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *