Дастоварди навбатии Донишкада

25 январи соли 2019 дар муассисаи  давлатии «Душанбе –Плаза»  Конференсияи амалӣ дар мавзӯи «Нақши институти оиладории миллӣ дар раванди бархӯрди тамаддунҳо» бо иштироки  муовини  Раиси шаҳри  Душанбе  Муинӣ М.М.  ва  муовини  якуми  Раиси Кумитаи кор бо занон  ва оилаи назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимӣ  М. баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Донишкадаи идоракунии давлатӣ – муовини ректор  оид ба  корҳои тарбиявӣ  Аҳмадзода З.К. ва  мутахассиси пешбари шуъбаи тарбия оиди кор бо занону духтарон Носирова  Ф.И.  иштирок намуданд.

Пеш аз оғози Конференсия  меҳмонон  ва иштирокчиёни  он аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ  ва мусаввараҳо  дар мавзӯи «Модар»  ва  «Оила»  дидан  намуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ дар мавзӯъҳои  «Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва  бунёди оилаҳои ҷавон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Институти оиладории миллӣ дар раванди  бархӯрди тамаддунҳо», «Нигоҳдории оиладории миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» ва  «Бархӯрдҳои  иҷтимоӣ ва таъсири он дар вайроншавии муносибатҳои  оилавӣ»  маърӯзаҳо баррасӣ карда  шуданд.

Ҳамзамон дар қисми барномаи маърифатӣ–фарҳангии чорабинии мазкур аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  як қатор иштирокчиён, аз ҷумла, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд ва иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати давлатии кор бо занон, мусоидат ҷиҳати ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, тарғибу ташвиқ ва баланд бардоштани фарҳанги зебопарастию худшиносии миллӣ, бедор намудани завқу таваҷҷуҳи занону бонувон ба маданияти либосдӯзиву либоспӯшӣ, намоиши ҳунарҳои  мардумӣ  бо “Сипоснома” сарфароз   гардонида шуд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *