Маросими хатми соли таҳсили 2018 дар шуъбаи магистратура

12 январи соли 2019 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба маросими хатм ва супоридани дипломҳои магистрҳои соли 2018  баргузор гардид. Дар маросими тантанавӣ Раёсати Донишкада, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ва хатмкардагони магистратураи Донишкада иштирок намуданд.

Ҷаласаи тантанавиро  Ректори Донишкада Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда,  меҳмононро муаррифӣ намуд. Зимнан Ректор магистронро ба маросими хатм табрик карда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани донишу малакаи азхуднамуда ва хизмати содиқонаву софдилона ба халқу Ватан онҳоро даъват намуд.

Меҳмонони  ҷаласаи тантанавӣ Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода Аҳтам Рустам – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Доктор Макс Майер – роҳбари лоиҳаи Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ, Найтхарт Хёфер-Виссинг – Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пратибҳа Меҳта – Роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимова Саломат Раҳимовна – Директори маркази забони олмонӣ дар шаҳри Душанбе ба сухан баромада, нақши доимии   Донишкадаи идоракунии давлатиро дар тайёр намудани кадрҳои миллии идоракунӣ зикр карда, њамзамон аз саҳми магистрҳои хатмкарда  дар рушди  соҳаҳои  дахлдори  ҳаёти ҷамъиятӣ ёдрас шуданд.

Мавриди зикр аст, ки  ҳамасола Донишкадаи идоракунии давлатӣ хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро ба таҳсили  яксолаи зинаи магистратура фаро гирифта, ҷиҳати иқтидори кадрии мақомоти давлатӣ мусоидат менамояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *