Таблиғи нуқтаҳои асосии Паём дар Донишкада

09 январи соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади таблиғи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба таълим Файзализода Ҷумахон Хол, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва                       робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшедов Ҷамшед, муовини ректор оид ба тарбия Аҳмадзода Зулфия Кабир, омӯзгорон, кормандон, магистрантон ва донишҷӯёни Донишкада иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини ректор оид ба таълим Файзализода Ҷ.Х. кушода эълон намуда, қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас  ба миён гузоштанд.  Қайд гардид, ки дар Паёми имсола дар оғози суханронии Пешвои миллат дар хусуси дастовардҳои самти иқтисодии кишвар, болоравии ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ маълумоти муфассал ироа гардид.

Сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Донишкада Ализода Б.П. дар баромади худ қайд намуд, ки соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Аз ҷумла, 22 марти соли 2018 дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об-“Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо иштироки Президенти кишвар дар маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Зикр гардид, ки ба кор андохтани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ-истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Дар баромади мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсӣ Комилбеков А. қайд гардид, ки ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ дар асоси усули муносибатҳои баробарӣ ва дӯстӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муайян поягузорӣ гардида буд, боқӣ мемонад. Соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дӯсти мо ӯзбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух доданд ва мо тамоми масъалаҳои ҳалталабу шиддатнокеро, ки тайи зиёда аз бист соли охир байни ду кишвар ба миён омада буданд, пурра ҳаллу фасл карда, ҳамкориҳоямонро ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардем.

Мудири кафедраи забонҳо Шарипов Ш.Р. дар баромадаш зикр намуд, ки соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест.

Ҳамзамон, илова намуд, ки бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шаванд.

Дар интиҳои чорабинии мазкур, донишҷӯён низ баромад намуда, фикру андешаҳои худро вобаста ба Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *