Натиҷагирӣ аз фаъолияти Донишкада дар соли 2018

3 январи соли 2019 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси васеи Шӯрои олимон бо иштироки ҳамаи кормандон баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи Ректори Донишкада Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ оид ба натиҷаи фаъолияти Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 шунида шуд.

Дар ҷаласа инчунин Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Ҳакимзода Шарифҷон ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Исуфалиев Сулаймон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори Донишкадаи идоракунии давлатӣ аз фаъолияти солонаи факултетҳои идоракунии давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос, Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, шуъбаҳои таълим, тарбия, кадрҳо ва корҳои махсус, банақшагирӣ ва муҳосибот, хоҷагӣ, бахшҳои магистратура, табъу нашр ва китобхона маълумотҳои мушаххаси таҳлилӣ дод.

Ҳамзамон, оид ба ҳолати кадрӣ ва ҳайати профессорону омӯзгорон дар Донишкада, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, фармоишҳои фаъолияти асосӣ ва ҳайати шахсӣ, гардиши ҳуҷҷатҳои воридотиву содиротӣ ва иҷроиши онҳо, интизоми меҳнат ва риояи тартиботи дохилии Донишкада иттилоъ дода, ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ барои соли 2019 дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар ҳисобот инчунин оид ба иҷроиши самтҳои вазифаҳое, ки аз ҷониби Роҳбари давлат дар Паём дарҷ гардида буданд ва ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, ҷалби мутахассисону олимони шинохтаи ҷумҳурӣ ба ин курсҳо, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, мизҳои мудаввар дар Донишкада иттилоъ дода шуд.

Дар фарҷом, фаъолияти Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 қаноатбахш ҳисобида шуд.

Ҳамчунин дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои олимон Ҳакимзода Шарифҷон ва Исуфалиев Сулаймон баромад намуда, фикру андеша ва таклифу пешниҳодҳои худро вобаста ба беҳбуд бахшидани корҳо дар самти таълиму тарбия баён намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *