Зарурати ҷалби занон ба сафи хидматчиёни давлатӣ таъкид шуд

Аз 17 то 22 декабри соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои сардорони раёсатҳо, шуъбаҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рўйи барномаи «Ҷанбаҳои гендерии таъмини ҳуқуқи инсон дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳаҷми 46 соат баргузор гардид, ки дар он 72 нафар сардорони раёсату бахшҳои кор бо занон ва оила ширкат варзида, донишу малакаи касбияшонро такмил доданд.

Дар нишасти матбуотии курси мазкур Марҳабо Олимӣ – муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва қайд намуд, ки таъмини баробарҳуқуқии занону мардон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҷалби занон ба сафи хидматчиёни давлатӣ бояд ҳарчи бештар суръат бигирад. Ҳисоботи оморӣ нишон медиҳанд, ки шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занону бонувон дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар ниҳоят кам мебошанд, ки масъалаи мазкур боиси нигаронии хос аст.

Дар поёни курси такмили ихтисос ҳамаи шунавандагон – сардорони раёсатҳо ва бахшу шуъбаҳои кор бо занон ва оила бо «Гувоҳнома» сарфароз гардонида шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *