Натиҷагирӣ аз Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

20 декабри соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ҷамъбастии “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таҷлил  гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини  раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин  ва муовини сардори шуъбаи идоракунии захираҳои инсонии Агении хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фақеров Файзулло Насрулоевич иштирок намуданд.

Ректори Донишкада  Лутфия Абдулхолиқзода ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо  ҷамбасти  чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва  фарорасии соли нави мелодии 2019 табрик намуд.

Зикр гардид, ки зимни Паёми навбатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ сухан гуфта, барои боло бурдани зиндагии мардум дастуру супоришҳо доданд ва бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳони мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ  соли 2018-ро дар мамлакат “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.

Ҳамзамон зимни суханронӣ Ректор аз дастовардҳои як қатор донишҷўёни Донишкада, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ширкат варзиданд, ёдовар шуд.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *