Идомаи шанбегиҳо дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ

Дар иртибот ба иҷрои барқияи ҳукуматӣ аз 27 октябри соли 2018 ва бо мақсади ободу зебо ва тозаву озода гардонидани биноҳои таълимӣ, саҳни ҳавлӣ ва гирду атрофи муассисаи таълимӣ, ҳамзамон кӯчаву хиёбон ва қитъаҳои муайяне, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муайян шудаанд, «Нақшаи гузаронидани корҳои созандагию ободкорӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 18.10.2018) таҳия гардид.

Мувофиқи нақшаи тасдиқгардида имрӯз дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ шанбегӣ баргузор гардида, ба шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосибот ва факултети идоракунии давлатb ҷиҳати тозаву озода гардонидани дохили ҳуҷраҳои кории худ дастурҳо дода шуданд.

Аз натиҷаи корҳои дар ин самт анҷомдода тибқи муқаррарот дар саҳифаҳои навбатӣ иттилоъ хоҳем дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *