Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ-соли комёбиҳои назаррас

22 декабри соли 2018 бо ташаббуси Созмони ҷавонони факултети муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ вобаста ба ҷамъбасти “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид. Чорабинӣ дар мувофиқа бо Раёсати Донишкада дар низоми нимарасмӣ сурат гирифта, дар он асосан ситемаҳои креативӣ истифода гардид. Чорабинӣ аз бахшҳои фарҳангии рақсу сурудхонӣ, бадеҳахонӣ, саҳнаҳои тарбиявию ҳаҷвӣ вобаста ба таҳкими сиёсати сайёҳии кишвар ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд.

Дар чамъомад аз тарафи декан ва муовинони соҳавӣ вобаста ба бурду бохт ва комёбиҳои устодони факултет ва донишҷӯён дар соли 2018  маърӯзаҳо хонда шуд.

Дар фарxом аз ҷониби садорати факултет ба ғолибони озмунҳои “Донишҷӯи беҳтарин”, “Беҳтарин сарпарасти гурeҳ”, “Беҳтарин сардори гурeҳ”, “Устодони беҳтарин дар гурeҳҳои академӣ”, кафедра ва мудири кафедраи фаъол ва дигар номинатсияҳо барои саҳми босазо дар таълиму тарбияи ҷавонон, ҳидоят ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ, раҳнамоӣ барои азхудкунии дониш ва малакаҳои нав, роҳандозии муваффақонаи усул ва технологияи нав дар ҷараёни таълиму тарбия, таҳияи дастурҳои таълимию методӣ ва бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ифтихорномаҳо, ҳамзамон, волидони донишҷӯёни фаъол низ бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *