Дастовардҳои Донишкада бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзҳои 1-17 октябри соли равон дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, бахшида ба эълон гардидани «Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»,    озмуни «Ҷавондухтари ҳунарманди сол-2018» гузаронида шуд.

14 декабри соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и шаҳри Душанбе даври дуюми озмуни мазкур баргузор гардид, ки дар он намояндагони 14 муассисаи таҳсилоти олӣ ширкат варзиданд.

Даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавондухтари ҳунарманди сол-2018» дар тарабхонаи «Шоира-люкс» баргузор гардид. Дар ҷамъбасти озмуни мазкур ҷойи аввалро донишҷӯи курси 2 факултети муносибатҳои байналмилалӣ Раҳмонализода Зевар сазовор гардида, соҳиби ҷойиза ва «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Ҳамчунин дар ин чорабинӣ ба муовини ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Зулфия Кабир барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи ҷавонон ва фаъолияти самарабахш дар самти корҳои тарбиявӣ  «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *