Кӯмак ба пиронсолон

Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани чорабиниҳо ва иқдомҳои хайриявӣ ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст.

Аз ҷумла, 3 декабри соли 2018 донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналмилалии Донишкада бо як ташаббуси наҷиб иқдоми хайриявиро амалӣ намуданд.

Дар ин рӯз донишҷӯён дар меҳмонии хонаи пиронсолони шаҳри Душанбе, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ воқеъ гардидааст, қарор доштанд. Донишҷӯён бо пиронсолон суҳбати гарму самимӣ карда, барои онҳо барномаи омоданамудаи фарҳангӣ-маърифатии худро пешкаш ва табъи онҳоро болида намуданд.

Дар интиҳои чорабинии хайриявӣ донишҷӯён бо пиронсолон расми хотиравӣ гирифта, ба ҳар яки онҳо туҳфаи хотиравӣ тақдим намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *