Идомаи шанбегиҳо дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ

Дар асоси барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №24/10-44 аз 15 октябри соли 2018 ва дар асоси Нақшаи Донишкада, 01 декабри соли равон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ  гузаронида шуд.

Дар ин шанбегӣ 44 нафар донишҷўёни гурӯҳҳои академӣ ва 15  нафар  кормандону омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, гирду атроф, саҳни ҳавлии бинои таълимии Донишкада, утоқҳои корӣ, ҳамчунин аз гардиши роҳи кӯчаи Саид Носир то охири бинои нави Донишкада (кӯчаи Л.Толстой) тозаву озода карда шуда, ҷойҳои обгузари сари роҳ аз партовҳо тоза карда шуданд.

Мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода гардонидани ҳудуди муассисаи таълимӣ минбаъд низ шанбегиҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

Аз натиҷаи корҳои дар ин самт анҷомдода тибқи муқаррарот дар саҳифаҳои навбатӣ иттилоъ хоҳем дод.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *