Вохӯрии судманд бо мутахассисони соҳаи тиб.

Дар асоси банди 20-и Нақшаи чорабиниҳои шуъбаи тарбия ва банди 17-и Нақшаи кори Шӯрои кураторони Донишкада, оид ба пешгирии хатари паҳншавӣ ва оқибатҳои  бемории сироятии ВНМО/БПНМ 01 декабри соли 2018 дар Донишкада  вохӯрии донишҷӯён бо кормандони соҳаи тиб баргузор гардид.

Ҷамъомадро муовини ректор оид ба тарбия Аҳмадзода Зулфия Кабир ифтитоҳ намуда, меҳмонони чорабиниро муаррифӣ намуд. Сипас, ҳозирин бо мавзӯи чорабинии мазкур шинос карда шуданд.

Дар баромади мутахассиси маркази ВНМО-и  маркази саломатии №10-и шаҳри Душанбе Набиева Саодат Маҳкамовна қайд гардид, ки   вируси норасои масунияти одам  ҳангоми гирифтор кардан ба системаи масуният осеб мерасонад, ки дар натиҷа системаи назорату ҳифзи организм суст  мешавад. Ҳангоми ворид шудан ин вирус афзоиш ёфта, ҳуҷайраҳои баданро тобеи худ месозад ва дар шахсони сироятшуда тадриҷан  норасои масуният   инкишоф меёбад. Давраи ноаёнии ин беморӣ аз 3 то 6 моҳ давом  мекунад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки нишонаҳои ин вирус дар аввал шабеҳи зуком, аз он ҷумла, вараҷа, дарди сар дамидани доначаҳо ва дарди  гулў, ба назар  мерасад, аммо дар марҳилаи сироятӣ оҳиста – оҳиста аломатҳои варамидани ғадудҳои сафро, лоғаршавии бадан, вараҷа исҳол,  «дарунравӣ » ва сулфа ба чашм  мерасад. Марҳилаи оҳирини сирояти ВИЧ/СПИД бошад, бо гузашти 2-15 сол вобаста ба ҳолати масунияти инсон инкишоф меёбад.

Сироятшиноси маркази саломатии №8 Ёдгоров Сайфиддин дар суханронияш гуфт, ки  дар ҷаҳон тақрибан 40 миллион одамон бо  сирояти ВИЧ/СПИД ҳаёт ба сар мебаранд. Зиёда аз се ду ҳиссаи онҳо дар Африқо ва ҷануби биёбони Сахара истиқомат мекунанд. Теъдоди аз ҳама зиёди гирифторони ВНМО дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ мебошад, ки тақрибан 5 миллионро ташкил медиҳад. Аммо тибқи бозҳисоби он нисбат ба як тан, ин нишондиҳанда дар Бостван ва Свазиленд зиёдтар аст. Дар Свазиленд ҳар як шахси сеюми калонсол сироятшуда мебошад. Ба ғайр аз мамлакатҳои Аврупо айни ҳол ВНМО зудтар аз ҳама дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ паҳн шуда истодааст. Аз соли 1999 то соли 2002 миқдори сироятшудагон дар ин ҷо тақрибан сечанд зиёд гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аввалин маротиба ин вирус соли 1991 ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти омори расмӣ, то нуҳмоҳаи соли 2018 шумораи умумии сироятёфтагони ВНМО (аз соли 1991) дар ҷумҳурӣ 8026 ҳодисаро ташкил медиҳад. Шумораи умумӣ оид ба сироятёфтагони ВИЧ/СПИД танҳо дар 9 моҳи соли 2018 ба 932 нафар расидааст. Аз теъдоди умумии сироятёфтагон 4925 нафар мард (61,4%) ва 3101 нафарашон зан (38%) мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки пеш аз оғози чорабинии мазкур донишxeён вараrањои таблиғотии марбут ба пешгирии хатари паҳншавӣ ва оқибатҳои  бемории сироятии ВНМО/БПНМ-ро ба шаҳрвандон тақсим ва корҳои фаҳмондадиҳиро иҷро намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ донишҷўён ба саволҳои худ аз мутахассисони соҳа ҷавобҳои мушаххас гирифта, дар баробари ин фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Дар саросари ҷаҳон ҳамасола 1-уми декабр Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВИЧ/СПИД таҷлил карда мешавад ва ин рўз аз тарафи СММ соли 1988 қабул шудааст. Дар ин рўз одамон тасмаҳои сурхро ҳамчун рамзи ҳамдигарфаҳмӣ оид ба ВИЧ/СПИД ва дастгириву умедворӣ ба ояндаи бидуни ВИЧ/СПИД дар сари сина мегузоранд, ки ин пешниҳод аз ҷониби рассом Франк Мур соли 1991 ба миён омада буд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *