Баргузории олимпиадаи умумидонишкадавӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ

30 ноябри соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанҳои забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ олимпиадаи умумидонишкадавӣ доир карда шуд.

Дар он донишҷўёни Донишкада ширкат намуда, бо забони тоҷикӣ эссе ва бо забони русӣ диктант навишта, тибқи талаботи “тойфел” аз забони англисӣ дониши худро санҷиданд.

Ҷараёни баргузории олимпиадаро устодони кафедраи забонҳо, намояндагони шуъбаи илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ ва факултетҳои Донишкада зери назорат гирифтанд.

Ғолибони озмун дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ширкат хоҳанд кард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *