Масъулони пешгирии ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ аз курси такмили ихтисос гузаштанд

Аз 19 то 24 ноябри соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои масъулони пешгирии ҳуқуқвайронкунии коррупсионии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз рўи барномаи «Сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳаҷми 46 соат баргузор гардид, ки дар он 50 нафар масъулони пешгирии ҳуқуқвайронкунии коррупсионии вазорату идораҳо иштирок карда, бо «Гувоҳнома» сарфароз гардиданд.

Дар курси мазкур дар баробари омўзгорони соҳибтаҷрибаи Донишкада, намояндагони мақомоти муборизабаранда бар зидди коррупсия, аз ҷумла кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Прокуратураи генералӣ ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи модулҳои таълимии «Алоқамандии коррупсия бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва роҳҳои содир гардидани он», «Хусусиятҳои хоси тафтиши ҷиноятҳо дар соҳаи иқтисодиёт», «Омилҳои сар задани ҳолатҳои коррупсионӣ ва пешгирии он дар мақомоти давлатӣ», «Рафъи ҳолатҳое, ки ба содир шудани ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо мусоидат мекунанд», «Таҷрибаи ҷаҳонии мубориза бо коррупсия»; «Коррупсия ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ: манбаъ ва омилҳои он» ва ғайра лексия-суҳбатҳо гузарониданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *