Идеологияи миллӣ - самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ

Ҳафтаи равон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои муовинони Раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз рўи барномаи «Идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурўъ гардид, ки дар он 66 нафар муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат доранд.

Мувофиқи ҷадвали машғулиятҳои курси такмили ихтисос дар баробари омўзгорони соҳибтаҷрибаи Донишкада, намояндагон, коршиносони сохтору мақомоти кишвар, аз ҷумла, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рўйи модулҳои таълимии «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави геополитикӣ», «Бархӯрди кишварҳои абарқудрат ва таъсири он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон», «Нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав», «Сарварӣ дар низоми идоракунии давлатӣ», «Идеологияи миллӣ: заминаҳо ва дурнамо», «Ташаккули Тоҷикистон ва низоми идоракунии он»; «Зарурати идеяҳои миллӣ дар ҷомеаи муосир» лексия-суҳбатҳо мегузаронанд.

Дар доираи курси мазкур дар баробари азбаркунии донишу малака, табодули таҷриба аз раванди кории минтақаҳои гуногуни кишвар ба миён меояд, ки ин барои пешбурди фаъолияти шунавандагон мусоидат хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *