Шанбегии кормандону донишҷӯёни Донишкада

Дар асоси барқияи телефонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва тибқи Нақшаи Донишкада, 24 ноябри соли равон Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ  гузаронида шуд.

Дар ин шанбегӣ 60 нафар донишҷўён ва 16  нафар  кормандону омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, гирду атроф, саҳни ҳавлии бинои таълимии Донишкада, ҳамчунин аз гардиши роҳи кӯчаи Саид Носир то охири бинои нави Донишкада (кӯчаи Л.Толстой) тозаву озода карда шуда, ҷойҳои обгузари сари роҳ аз партовҳо тоза карда шуданд.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода гардонидани ҳудуди муассисаи таълимӣ минбаъд низ шанбегиҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *