Парчам – муқаддасоти миллӣ

24 ноябри соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, устодон, донишҷўён ва магистрантони Донишкада  бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

Бо сухани ифтитоҳӣ муовини Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълим Файзализода Ҷ.Х. баромад намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва қайд намуд, ки Парчами миллии мо далел аз таърихи чандинҳазораи халқамон мебошад. Мо таҳти парчами миллии худ ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ расидем, созандагиву бунёдкориро вусъат бахшидем, Ватани хешро ободу зебо гардонидем.

Дар чорабинӣ муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Парчам ифодагари ифтихор аз давлатдорӣ, поси хотири қаҳрамонони ҷонфидои миллат, шукрона аз истиқлолият ва арҷгузорӣ ба марзу буми муқаддаси ниёгон мебошад. Парчами давлатӣ дар қатори муқаддасоти дигари миллӣ таҷассумгари асосҳои давлат ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, ҳамчунин, ифодагари мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин дар чорабинии мазкур дотсенти кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ Абилова Гуландом Сардоровна, муаллими кафедраи забонҳо Валиев Ҷамшед ва магистранти ихтисоси хизмати давлатӣ Ҳусейнов Муҳаммадтолиб оид ба таърих, аҳамият ва муқаддасоти миллӣ будани Парчами давлатӣ маърўзаҳои ҷолиб намуданд.

Дар қисми хотимавии чорабинӣ, ки аз хониши бадеӣ иборат буд,  донишҷўён дар васфи Парчами миллӣ шеърҳо қироат намуданд.

Чорабинии мазкур аз тарафи шабакаҳои телевизиони “Тоҷикистон”, “Сафина”,  “Ҷаҳоннамо” ва “Душанбе” ба навор гирифта шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *