Вохўрии судманд

20 ноябри соли 2018  дар толори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуб  байни ҷавонон бо донишҷўён ва магистрантони Донишкада вохурӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини  раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия, собиқ муовини вазири   меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Узоқова Адолат Ҷурабаевна баромад намуда, ба саволҳои донишҷўён посух доданд.

Дар баромад қайд гардид, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия омили асосии ташаккули ҷаҳонбинии пешрафтаву ҷомеаи солим ва решакан гардидани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб миёни наврасону ҷавонон мебошад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки ҷавонон нерӯи пешбаранда ва ояндаи давлату миллат мебошанд. Имрӯз аз нисф зиёди аҳолии Тоҷикистон, яъне қувваи асосии пешбарандаи ҷомеаро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлат саҳми ҷавонон назаррас мебошад.

Таъкид гардид, ки иқдоми шоистаи Пешвои миллат насли ояндасози кишварро боз ҳам рӯҳбаланд намуд ва ҷавонон бояд сазовори ин боварӣ бошанд ва ҳамаи кӯшишу ғайрати худро барои азбар намудани илмҳои муосир ва забономӯзӣ сафарбар намуда, тамоми қувваю нерӯи худро дар роҳи ободии кишвар равона созанд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *