Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Донишкада

5 ноябри соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, устодон, донишҷӯён ва магистрантони Донишкада  бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ – маърифатӣ баргузор гардид.

Бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълим Файзализода Ҷ.Х. баромад намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва аз ҷумла, қайд намуд, ки Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи  ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

Дар чорабинӣ директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Давлатов Ҷ.М. суханронӣ намуда, зикр намуд, ки аз қабули Конститутсия 24 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул, рушд ва дурнамои қонунгузории кишварамонро муайян намуд. Чунин иқдом бо дарназардошти шароити нави давлатдорӣ ва муайян намудани дурнамои инкишофи он зарур буд. Зеро баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти гузариш аз як сохти иҷтимоӣ ба сохти иҷтимоии дигар, куллан дигаргуншавии муносибат ва арзишҳои нави ҷомеа зарурияти мувофиқгардонии сохтори давлатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он ба шароити нави рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ ба миён омад.

Конститутсия заминаҳои асосии сохторҳои давлатӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, низоми идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муҳокима  иваз намуд ва дар Тоҷикистон барои густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам овард. Ин санади муқаддас, ки бо ба ҳисоб гирифтани ирода ва манфиатҳои аксари мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.

Дар баромади ҳуқуқшиноси Донишкада Фаридуни Исматулло зикр гардид, ки Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад. Дар таҳия ва омодасозии ин санади муҳиму тақдирсоз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст. Конститутсия қонуни асосии давлат буда, сохти давлат ва рушди ҷомеаро муайян ва танзим менамояд. Беҳуда Конститутсияро мардум бо ифтихору эътимод “Бахтнома” ва ё “Маромномаи миллат”, “Раҳнамои давлат”, “Эътимодномаи ҳуқуқу озодӣ ва баробарҳуқуқии халқ”, “Бахтномаи миллат” нагуфтаанд.

Ҳамчунин дар суханронияш Фаридуни Исматулло илова намуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони варзидаи байналмилалӣ ва созмонҳои бонуфузи сиёсии ҷаҳон яке аз конститутсияҳои беҳтарин ва демократитарин эътироф шудааст. Конститутсия роҳи рушди ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муайян намуда, заминаҳои асосии давлатӣ ва низоми сиёсиро фароҳам овардааст.

Дар баромади магистранти курси 2, ихтисоси идоракунии давлатӣ Ҳабибова М. зикр карда шуд, ки Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем. Дар тӯли 24 соли мавҷудияти Конститутсия арзишҳои он ба куллӣ собит гаштанд. Конститутсияи мо ифодагари манфиатҳои волои миллату Ватан, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафолатбахши ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминкунандаи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ ва амсоли инҳо эътироф шудааст.

Дар интиҳои чорабинии мазкур ба ғолибони озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманди сол”, ки бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар санаи 17 октябри соли 2018 дар Донишкада баргузор гардида буд, дипломҳо ва сипосномаҳо супорида шуд.

Аз ҷумла, барои ишғоли ҷойи аввал донишҷӯи курси 2 факултети муносибатҳои байналмилалӣ Раҳмонализода Зевар бо дипломи дараҷаи 1, барои ҷойи дуюм донишҷӯи курси 2 ихтисоси идоракунии ҳайати кадрӣ Таманнои Халил бо дипломи дараҷаи 2 ва барои ҷойи сеюм магистранти курси 1 ихтсоси амнияти иттилоотӣ Мирсаидова Нафиса  бо “Сипоснома” сарфароз гардонида шуданд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *