Эҳтироми парчам – эҳтироми миллат аст

Имрӯз дар Китобхонаи илмии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Парчами давлатӣ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Эҳтироми парчам – эҳтироми миллат аст» бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои тарбия Аҳмадзода Зулфия Кабир, декани факултети азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ Сафарзода Хуршед, декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ Бобозода Фаридун, мудирони кафедраҳои иддоракунии давлатӣ Абдулхонов Файзалӣ, илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ Сайдаҳмадзода Дилором баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия иброз намуд, ки      “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун як рамзи давлатӣ шинохта шуда, зимни омода намудани он аз сарчашмаҳои зиёди фарҳангӣ истифода бурдаанд. Аз ин рӯ, мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд.”.

Дар идома донишҷўён аз факултети муносибатҳои байналмилалӣ Ёқубҷон Ғуломов, Сомон Султонзод, Муҳин Одинаев, Амирҷон Асосзода ва сармутахассис – библиографи Китобхонаи илмӣ Алиакбар Ҳаётзода дар мавзӯъҳои гуногун роҷеъ ба Парчами давлатӣ баромад намуданд.                                                                        Ҳамчунин дар толори хониши Китобхонаи илмӣ китобҳо вобаста ба Парчами давлатӣ ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуд.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20 ноябри соли 2009 24-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.

30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр парафшон гардид, ки баландии он 30 м ва дарозиаш 60 м мебошад.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *