Модели Созмони Миллали Муттаҳид дар ДИДНПҶТ

19 ноябри соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иқдоми Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналмилалӣ «Аввалин Модели Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масалаи об» таҳти мавзўи «Масоили  ҷаҳонии об ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон дар он» баргузор гардид. Дар кори Модел ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили об назаррас ва саривақтӣ дониста шуда, аз лиҳози илмӣ-назариявӣ дақиқ арзёбӣ шуданд.

Дар кори ин Модел донишҷӯёни факултет аз номи кишварҳои ҷудогонаи ҳар минтақа вобаста ба проблемаи об баромадҳо намуданд. Донишҷӯён маърӯзаву муҳокимарониҳоро бо забонҳои англисӣ, русӣ, арабӣ, хитойӣ ва ӯзбекӣ баён намуданд, ки аз сатҳи баланди омодагии онҳо нишон медод. Дар охири ҷаласаи Модели СММ Қатънома қабул гардид. Инчунин беҳтарин намоянда — донишҷӯёни иштирокчии Модел бо Сертификат сарфароз гардонида шуданд.

Модели Созмони Миллали Муттаҳид ин имконияти васеъ барои ҷавонон ва донишҷўён буда, онҳо аз рӯи шартҳои ин Модел метавонанд дар як маврид намояндагии кишварҳои ҷаҳонро муаррифӣ кунанд. Ҳангоми намояндагӣ аз кишварҳо имконият пайдо менамоянд, ки оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ табодули афкору таҷриба намуда ва ҳамчунин сайқал додани малакаву маҳорати  дипломатӣ,  лидерӣ ва забондонии худ замина бисозанд.

Модели Созмони Миллали Муттаҳид дар солҳои 50-60-уми асри гузашта аввалин бор дар ИМА, баъдан дар Аврупо ва дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар кишварҳои Осиёи Миёна  рӯйи кор омад.

Модел ин майдони мусоҳиба ва муҳокимаи ғояҳои ҷаҳонӣ дар доираи Созмони Миллали Муттаҳид буда, дар он донишҷўён ва ҷавонони фаъоли кишварҳои аъзо метавонанд иштирок, баромад ва фикру ақидаҳои худро иброз намоянд.

Масъалаи ташкили Модел дар макотиби олии кишварҳои  Осиёӣ аввал  танҳо омодагӣ ба моделҳои байналмилалӣ буда, танҳо дар доираи донишгоҳҳо гузаронида шуд.  Мақсади ҳар як Модел — маҷлиси СММ низ ин қабули қатъномаи махсус мебошад. Тибқи қарори СММ конфронс аз якчанд кумитаҳо иборат буда, ҳар як кумита мутобиқи мушкилоти мавҷуда онро баррасӣ менамояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *