Саҳми Донишкадаи идоракунии давлатӣ дар чорабинии фарҳангӣ

Дар таърихи 16 ноябри соли 2018 маросими ботантана ба истифода додани аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии Роғун баргузор гардид.

Вобаста ба ин дар шаҳри Душанбе 17 ноябр бо иштироки  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии бошукӯҳи театрикунонидашудаи идона баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки донишҷӯёни Донишкадаи идоракунии давлатӣ аз 2 октябри соли равон дар машқҳои омодагӣ ба ин чорабинӣ таҳти сарпарастии муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аҳмадзода Зулфия фаъолона иштирок намуданд.

Дар рӯзи баргузории чорабинӣ 165 нафар донишҷӯдухтарон, 50 нафар донишҷӯписарон ва 10 нафар кормандони Донишкада ширкат варзиданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *