Роғун – кохи нури Тоҷикистон

Дар таърихи 16 ноябри соли 2018 маросими ботантана ба истифода додани аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии Роғун баргузор гардид. Дар чорабинӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури меҳмонони хориҷӣ, рўзноманигорон ва сохтмончиён баромад намуда, дар вазъияти ботантана тугмаи бакорандозии ин иншооти бузурги асрро пахш намуданд.

Дар ин замина, дар се толори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодон, кормандон, донишҷўён ва магистрантони Донишкада тамошои дастаҷамъонаи маросими ботантана ба истифода додани аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии Роғун  тавассути дастгоҳҳои телевизионӣ ба роҳ монда шуд.

Аз ҷониби шуъбаи хоҷагӣ дар ҳамаи толорҳои Донишкада дастгоҳҳои телевизионӣ барои намоиши маросими мазкур омода карда шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *