Президент ҳомии сулҳу субот ва кафили зиндагии осиштаи мардум

Рӯзи 14-уми ноябри соли 2018 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи илмии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Президент ҳомии сулҳу субот ва кафили зиндагии осиштаи мардум» баргузор гардид.

Дар он мудири кафедраи забонҳо Ш. Шарипов ва донишҷӯён аз факултетҳои идоракунии давлатӣ ва муносибаҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.  Аз ҷумла донишҷӯён Б. Сайдуллоев,  Ҳ. Ҳомидов, М. Мавлонов, П. Ализода, Д.Бобоев ва сармутахассис – библиографи Китобхонаи илмӣ А. Ҳаётзода роҷеъ ба наќши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барќарорсозии сулҳу суботи Тоҷикистони биҳиштосо суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин дар рафти семинар намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуд, ки иштирокдорон бо мазмуну муҳтавои ин китобҳо шинос шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *